Биологияи тиббї   сохт, вазифањои асосии органоидњо, раванди сабзиш, инкишоф, таќсимшавї, марги њуљайрањо, ташаккули фаъолияти маводи генетикї, сохт ва хосияти кислотањои нуклеинї, сафедањо, синтези матритсавї сабабњои пайдоиш ва инкишофи беморињои ирсї ва паразитї, сохт ва  доираи инкишофи паразитњо, беморињои сарчашмаи табиидошта, паразитњои муќими Тољикистон,   ташхис ва пешгирии онњоро меомўзад.

         Омўзиши  биологияи тиббї барои донишљўён тањкурсии асосї дар бораи дарки асосњои молекулавї, сохт ва фаъолияти њуљайра, танзими фаъолияти генњо, механизмњои интиќоли ахбор, сабабњои пайдоиши беморињои ирсии бо мутатсияњои генї ва хромосомї алоќаманд,  таъсири омилњои муњит ба саломатии инсон, беморињое, ки паразитњо (муфтхўрњо) ба амал меоранд   маълумотњои зарурї медињад.